Дар вилояти Хатлон соли 2019-ум 96 майдончаи варзишӣ, 7 толори варзишӣ, ду ҳавзи шиноварӣ, як маҷмааи варзишӣ ва як варзишгоҳ бо харҷи беш аз  21 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Алишер Гулов гуфт, барои бунёди иншооти варзишӣ, ки соли рафта дар вилояти Хатлон бунёд шуданд, аз ҳисоби мақомоти маҳал 1 миллиону 190 ҳазор сомонӣ ва аз дигар сарчашмаҳо 20 миллиону 111 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки бештари майдончаҳои варзишӣ дар ноҳияҳои Шаҳритуз (10 адад), шаҳри Кӯлоб (9 адад), Данғара (8 адад), ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (8 адад), Фархор, Ховалинг ва Ҳамадонӣ (6-ададӣ) бунёд ёфтаанд.

Алишер Гулов афзуд, ки то соли 2021 бояд дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 300 майдончаи варзишӣ бунёд карда шавад, ки ин дар рушди соҳаи варзиш мусоидат хоҳад кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here