Дар вилояти Хатлон соли гузашта 653 ҳолати вафқулодаи дорои хусусиятҳои гуногундошта ба қайд гирифта шудаанд, ки дар натиҷа 143 нафар ба ҳалокат расида, 384 нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Ин нуктаро сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон Исозода Сулаймон зимни нишасти хабарӣ, ки  имруз баргузор гашт, хабар дод ва зарари расида аз ин офатҳоро  21 миллиону 566 ҳазору 508 сомонӣ гуфт.

Манбаь афзуд яке аз офатҳои табиӣ, ки зарари он зиёд буд, дар ноҳияи Панҷ рух додааст. Дар ин офати табиӣ 20 хона зарар дида, 8 хона қисман ва 949 адад иншооти ёрирасон, 1 мактаб, беш аз 7 км роҳҳои мошингард, 4 пул ва дигар иншоот зарар дидаанд, ки маблағи он беш аз 12 миллиону 219 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

— Ҳоло дар вилояти Хатлон 401 мавзеи хавфнок ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 45 минтақаи ниҳоятан хавфнок ва 356 хавфнок ба ҳисоб мераванд. Дар ин мавзеъҳо 45021 хоҷагӣ бо 331 ҳазору 530 нафар аҳолӣ зиндаги мекунанд, — қайд кард Исозода Сулаймон

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here