Соли 2019-ум дар вилояти Хатлон  аз 238 нафар, ки бедарак ғайб зада буданд, 183 нафар ёфт шуда, 55 нафари дигар ҷустуҷӯ мешаванд.

Дар  нишатси хабарии Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон имрӯз хабар доданд, ки аз авали соли 2019-ум  дар вилоят ҳамагӣ 56 нафар бе ному нишон ғайбзада дар қайд буданд. Дар ин сол нисбати 182 нафари дигар бо аризаи шахсони бо онҳо наздик кофтуков эълон шудааст.  Дар умум, 238 нафар ҷустуҷӯ мешуданд, ки худи ҳамин сол 183 нафар пайдо шудаанд.

Ҳоло нисбати 55 нафар шахсони бе ному нишон гумшуда кофтуков эълон карда шуда, корҳои оперативӣ ва ҷустуҷӯӣ ба роҳ монда шудаанд, гуфтанд дар нишасти раёсат.

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилаи вилояти Хатлон Искандар Солеҳзода низ дар ин маврид қайд кард, ки 80-85 дарсади гумшудаҳо пайдо мешаванд ва аз рӯи таҷриба бештар бо далели носозии оила ин нафарон бехабар ба хонаи дигар наздиконашон паноҳ меоранд.

— Дар ҳодисае, ки дар шаҳри Кӯлоб рух дод, ду  хоҳар ду моҳ пеш се шабонарӯз ғайб зада буданд. Мо тамоми сохторҳоро баҳри пайдо карданашон сафарбар кардаем. Маълум шуд, онҳо бо далели ноҷурии вазъи оилаашон ба хонаи холаашон дар шаҳри Душанбе паноҳ оварда буданд, — афзуд ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here