То рӯзи 16-апрели соли равон вилояти Хатлон нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар 69,1 дарсад иҷро кард.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дасгоҳи раиси вилояти Хатлон ба “Фараж” хабар доданд, то рӯзи 16-апрели соли ҷорӣ шаҳри Норак ва ноҳияҳои Данғара, Носири Хусрав, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод ва Фархор пурра аз иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ баромадаанд.

— Ноҳияҳои Хуросон, Темурмалик ва Панҷ ният дорнад, ки рӯзҳои наздик пурра аз иҷрои нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон бароянд, — гуфтанд аз шуъбаи мазкур.

Бояд гуфт, ки даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми апрел оғоз шудаву то охири моҳи май идома хоҳад кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here