Дар 7 моҳи соли равон кишоварзони хатлонӣ аз майдони 5694 гегтар замин 97 ҳазору 366 тонна картошка ҷамоварӣ кардаанд.

Бино ба иттилои Сараёсати кишоварзии вилояти Хатлон ин нишондод қариб 60 дарсади ҳосили умумии ғуншудаи картошка дар ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Ба иттилои расида, ҳосили  картошка нисбати ҳамин давраи  соли гузашта зиёд мебошад, зеро ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 183,6 сентнериро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, нархи як килограм картошка дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои Хатлон то се сомонӣ арзиш дорад.

Добавить комментарий