Раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Фатҳулло Ҳурматзода аз даст задани 13 нафар зердасташ ба қонуншиканӣ, ки нисбаташон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, хабар надорад.

Прокурори вилояти Хатлон Маҳмудзода Насрулло гуфт, ки зимни гузаронидани санҷишҳои прокурорӣ дар соли 2019-ум  1 ҳазору 441 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ,  моддӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд.

— Нисбати 310 нафар барои хариду фурӯши ғайриқонунии замин ва қалобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Аз 310 парвандаи ҷиноятии оғозшуда 72 парванда нисбати шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ аст. Аз ҷумла, 22 парвандаи ҷиноятӣ нисбати раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва комрандони онҳо, 13 парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони кумитаҳои идораҳои замин ва корхонаҳои давлатии фаръии молу мулки ғайриманқул, 29 парвандаи ҷиноятӣ нисбати роҳбарони хоҷагиҳо ва 8 парвандаи ҷиноятӣ нисбати даигар роҳбарони ташкилоту идораҳо оғоҳ карда шудааст, — афзуд Маҳмудзода Насрулло.

Прокурор ҳамчунин илова кард, ки дар ин давра зиёда аз 3 ҳазору 195 гектар замине, ки ғайриқонқунӣ барои сохтмони манзил ғасб, ё ба дигар мақсад истифода мешуданд, ба ҳолати аввала баргардонида шуданд.

— Дар соли рафта нисбати 234 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шудаву бекор,  ё  ба қонунгузорӣ мутобиқ карда шуданд. Аз 234 қарори эътирозовардашуда 230 ададаш ба замин рабт дорад, — изҳор дошт Насрулло Маҳмудзода.

Ин дар ҳолест, ки раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Фатҳулло Ҳурматзода зимни нишасти хабариаш ба суоли он, ки дар соли 2019 чанд нафар зертобеаш даст ба ҷиноят задаанд, посух дод, ки ӯ аз ин ҳолатҳо хабар надорад. “Ман дар ин вазифа ҳамагӣ чанд моҳ кор мекунаму аз даст задани кормандони соҳа ба ҷиноят маълумоти кофӣ надорам”, — гуфт ӯ.

Бояд гуфт, ки Фатҳулло Ҳурматзода ба вазифаи раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон шаш моҳ пеш таъйин шуда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here