Ба 57 нафар иштирокчиву маъюби Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар вилояти Хатлон зиёда аз 145 ҳазор сомонӣ, яъне ба ҳар кадоми онҳо 2500 сомонӣ, тӯҳфа карда шуд.
Аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки бо қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба бар фашизм ҷиҳати расонидани кумаки молиявии яквақтаина ба 57 иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 145 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Мукофоти молиявии раиси вилоят ба ҳамаи иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳар як нафар ба андозаи 2500 сомонӣ зимни аёдати шахсӣ дар манзили зисташон бо тантана тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки аз тарафи президент Эмомалӣ Раҳмон ба 57 иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз вилояти Хатлон ба ҳар як нафар ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ кумаки яквақтаина ҷудо шудааст, ки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро зимни аёдат ба соҳибонашон супориданд.
Дар вилояти Хатлон то имрӯз шумораи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 24 нафар ва маъбони ин ҷанг 33 нафарро дарбар мегирад. Дар арафаи Иди Ғалаба аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту муассисаҳо низ ба ҳамаи онҳо кумакҳои яквактаина расонида мешавад.
Дар ноҳияи Кӯшониён низ бахшида ба ҷашнгирии 75-солагии Ғалаба ва бо мақсади қадрдонӣ ва дастгирии молиявии иштирокчиёни ин набард, аз тарафи раиси ноҳия Вализода Икромиддин ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корманди Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримиёни Имомназар ба ду нафар иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Ҳомид Бобоев ва Шариф Саторов аз номи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кадомашон 6000 сомонӣ, аз ноҳия 500 сомонӣ ҳамчун кӯмаки молиявӣ супорида шуд. Раиси ноҳия аз номи Ҳукумати мамлакат ба ҳар кадомашон тани сиҳат, умри пурбаракат ва рӯзгори нек орзу кард. Ҳомид Бобоев ва Шариф Саторов — иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, миннатдории худро барои дастгириҳои пайваста ба Ҳукумати кишвар баён доштанд.