Дар вилояти Хатлон 34 ҳазору 448 саг ба қайд гирифта шудааст, ки аз он ҳамагӣ 501 ададаш бо шиноснома таъмин шудаасту халос.
Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии вилояти Хатлон Қ. Абдураҳимов гуфт, аз 34 ҳазору 448 саги вилоят 3 ҳазору 136 адади онҳо сагҳои дайду мебошад.
Ба гуфти ӯ, дар соли 2019-ум аз ҳайвонҳои дайду, махсусан сагҳои дайду, 942 нафар ва аз ҳайвонҳои хонагӣ 3 ҳазору 96 нафар сокини вилоят осеб дида, се нафар фавтидаанд.
— Дар ин давра беш аз 2 ҳазору 100 ҳайвони дайду безарар гардонида шудаанд, ки 90 дарсади онҳоро сагҳо ташкил медиҳад, — илова кард ӯ.
— Барои муолиҷаи осебдидагон аз ҳайвонҳо дар соли рафта 1 миллиону 793 ҳазору 880 сомонӣ сарф шудааст, — гуфт манбаъ.