Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 5 ҳазору 639 литр хун ҷамоварӣ карда шудааст, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 746 литр  зиёд аст.

Директори филиали муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Лутфулло Мадумаров гуфт, ки аз ҷониби кормандони ин марказ дар 9 моҳи соли ҷорӣ 4 ҳазору 387 литр хун ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 563 литр зиёд мебошад.

— Ин ҳама хун аз 8 ҳазору 563 нафаре, ки ба мо муроҷиат карда буданд, ҷамъоварӣ карда шудааст, — илова кард ӯ.

Манбаъ қайд кард, ки ба филали Бохтар ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар ин давра 10 ҳазору 971 нафар барои додани хуни худ муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 5 ҳазору 639 литр хун ҷамъоварӣ карда шудааст, ки  ин рақам  дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 746 литр  зиёд аст.

— Ба филиали муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон соли гузашта бо харҷи 211 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти замонавӣ ворид карда шуд ва дар  нақша аст, ки боз таҷҳизоти замонавӣ барои марказ харидорӣ кунем, — илова кард ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here