Соли гузашта кормандони «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон 43 тоннаву 207 кг намакҳои камёдкардашударо аз муомилот гирифтанд.
Роҳбари «Тоҷикстандарт»-и вилояти Хатлон Сайдализода Ҷӯрахон дар нишасти матбуотӣ гуфт, 43 тоннаву 207 тонна намаки камёдшударо зимни санҷишҳо, ки дар бозору мағозаҳо ошкор шуданд, аз муомилот гирифта шудаанд.
Роҳбари ниҳоди мазкур афзуд, ки намакҳои аз фурӯш гирифташуда ба идораҳои роҳҳо барои зимистонгузаронӣ ройгон дода мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта беш аз 100 тонна намак аз муомилот гирифта шуда буд.