Дар 4 моҳи соли равон 124 оила ақди никоҳи худашонро бо далели ба даст овардани шаҳрвандии Федератсияи Русия бекор карданд, ки ин омил кормандони Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро нигарон кардааст.

Сардори Раёсати мазкур Сафарзода Зиннатгул зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки зимни вохуриҳои худ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҳашт  оилае, ки бо ваколатнома ақди никоҳи худро бекор карда буданд, суҳбат кардааст ва онҳо худ иқрор шудаанд, ки мо барои гирифтани шаҳвандии Русия ақди никоҳашонро бекор кардаанд.

Ба гуфти ӯ, давоми соли ҷори дар вилояти Хатлон 957 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки аз он 124 оила барои гирифтани шаҳрвандии Федератсияи Русия ба ин кор даст задаанд. Ҳамин омил боис шудааст, ки ҷудошавии оилаҳо дар вилоят афзудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here