Соли 2018-ум ва 2019-ум аз ҷониби кормандони маркази Тоҷикистандарти вилояти Хатлон 79 суръатсанҷ, ба истилоҳ «радар»-и кормандони БДА-и вилояти Хатлон, аз ташхиси сифат гузаронида шуда, барои иллат доштан ба 10 адади он амрномаи манъ бароварда шудааст.
Директори маркази Тоҷикстандарти вилояти Хатлон Сайдализода Ҷӯрахон ин хабаро дар нишасти матбуотӣ расонаӣ кард.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2019-ум 40 суръатсанҷи кормандони БДА-и вилояти Хатлон аз санҷиши сифат гузаронида шуда, ба ду суръатсанҷ бо сабаби иллат доштан ё суръати воситаҳои нақлиётро дақиқ нишон надодан тибқи талабот ба масъулини шуъбаи БДА-и вилоят барои истифода накардан аз ин суръатсанҷҳо амрномаи манъ дода шуд.
— Соли 2018 бошад 38 суръатсанҷи кормандони БДА-и вилояти Хатлон аз санҷиш гузаронида шуда, ба 8 адади он барои дақиқ нишон надодан суръати воситаҳои нақлиёт ва илат доштанашон амрномаи маън бароварда шуда буд.
Зимни суҳбат даҳҳо ронандаи воситаҳои нақлиёт низ аз дақиқ нишон надодани суръатсанҷ, ё ба истилоҳ «радарҳои» кормандони БДА-и вилоят, шикоят карда, гуфтанд, ки дар бисёри ҳолат радарҳо суръати воситаҳои нақлиётро барзиёд нишон медиҳанд.