Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин», воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, бо ташаббуси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо сарпарастии Комиссияи рушди демократияи сафорати ИМА дар Душанбе семинар барои журналистон дар мавзӯъи “Интихоботи парлумонӣ-2020” баргузор гардид.
Дар семинар 13 нафар намояндаи ВАО аз расонаҳои гуногун аз шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, аз иштироки хабарнигорон дар интихоботи парлумонӣ, инъикоси раванди интихобот ва қонунгузории амалкунанда шиносоӣ пайдо карданд.
Машғулиятҳоро коршиноси Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аваз Назаров ва ҳуқуқшиноси маъруфи соҳаи ВАО Иноят Иноятов гузарониданд.
Дар семинар аз ҷумла мавзӯъҳои “Ҳуқуқи интихоботӣ. Таҳлили Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ”Принсипҳои иштироки шаҳрвандон дар интихобот”, “Нақши рӯзноманигорон ва намояндагони ВАО дар инъикос намудани интихобот”, “Хусусиятҳои инъикос намудани фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ, аз тарафи рузноманигорон”, “Танзими ҳуқуқии иштироки мушоҳидони миллӣ ва мушоҳидони байналмиллалӣ дар интихобот”, “Инъикоси тартиби овоздиҳӣ ва таҳлили интихобот аз тарафи ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Хусусиятҳои инъикоси ташвиқоти пеш аз интихоботӣ дар ВАО: таҳлили қонунгузории амалкунанда дар амалияи рӯзноманигорӣ” омӯзиш ва муҳокима гардид.
Баргузории машғулиятҳои мазкур дар шаҳрҳои Хоруғ, Кӯлоб ва Душанбе низ дар назар аст.