Ташкилоти ҷамъиятии маркази занон «Гулрухсор» соли 1996 бо дастгирии Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон ташкил карда шудааст, ки ба занҳое, ки ба ҳолати бӯҳронӣ гирифтор мешаванд, машварати равонию ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро ба таври ройгон ва махфӣ мерасонад.

Ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ аз равоншиносу ҳуқушинос чанд намуди машварат, аз ҷумла, машварати ғоибона, сайёр, оилавӣ ва рӯ ба рӯро гирифта метавонанд. Вобаста ба муаммояшон аз тарафи марказ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Ҳадафи фаъолияташон низ гӯш кардани дарди дили ҷабрдидагон буда, ҳамаи талошҳояшон барои аз ҳолати бӯҳронӣ баровардони мизоҷон равона мегардад.

— Дар Тоҷикистон нахустин шуда барои занҳое, ки ба хушунати хонаводагӣ мувоҷеҳ шудаанд, маркази «Гулрухсор» паноҳгоҳи муваққатӣ пешниҳод кардааст, — гуфт муовини директори марказ Сабоҳат Бобоҷонова. – Тибқи муқаррароти қоидаи қабул занҳое, ки дар пайи муноқишаи оилавӣ бе сарпаноҳ монданд, аз ҷониби шавҳар ё дигар хешованд барояшон хатар эҷод шудааст, ё дар дигар ҳолатҳои вазнин қарор доранд, давоми 14 рӯз паноҳгоҳи муваққатӣ дода мешавад.

— Дар паноҳгоҳи муваққатӣ бо занҳо суҳбати амиқ гузаронида, ҳар рӯз дар алоҳидагӣ ва бо фарзандонашон курсҳои барқароршавӣ, масалан, сӯҳбат, расмкашӣ, меҳнати муфид, ароматерапия, гӯш кардани мусиқӣ, машқҳои мушакӣ-нафасӣ, машқҳои психологиро аз кормандони иҷтимоии мо гирифта метавонанд. Дар ҳолати ба дарозо кашидани ҳалли муаммои зан тибқи қоидаи дохилӣ мӯҳлати паноҳгоҳ тамдид карда мешавад, — ёдрас кард ӯ.

— Давоми соли 2019 аз занҳое, ки мушкилоти оилавӣ  доранд, тариқи телефони боварӣ ва мусоҳибаи рӯ ба рӯ 1581 адад муроҷиат қайд карда шуд, — аз натиҷаи фаъолияти марказ огоҳӣ дод Сабоҳат Бобоҷонова. — Аз ин ҳисоб 31 нафар ба паноҳгоҳи муваққатӣ интиқол дода шуданд. Мизоҷон на фақат аз Хуҷанд, балки тамоми шаҳру навоҳии вилоят, ҳатто аз Душанбе низ, муроҷиат мекунанд.

— Натиҷаҳо нишон дод, ки аксар занҳои ҷабрдида аз ҷиҳати иқтисодӣ побанди хонаводаашон ҳастанд, бо назардошти ин, мо як лоиҳаи «Дастгирии дараҷаи иқтисодии занҳо» барои 70 нафар занҳои ниёзмандро аз рӯйи 12 номгӯйи касб  курсҳои омӯзишӣ роҳандозӣ кардем ва айни фарҷоми лоиҳа дар ҳамкорӣ бо бонки Рушди Осиё ба онҳо тафдон, мошинҳои дӯзандагӣ ва вобаста ба самти омӯзишашон дигар тӯҳфаҳо тақдим кардем, — арз дошт номбурда

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here