Дар хабар аст, ки моҳи январи соли 2020 дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби футболи Эрон бози дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора телевизиони «Футбол» аз қавли сармураббии дастаи мунтахаб Усмон Тошев хабар дод, аммо рӯз, макон ва соати баргузории ин вохӯрӣ дақиқ нашудааст.

Сармураббӣ дар мусоҳибаи баъди бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Сурия (0:0), ки дар Чин баргузор шуд, гуфтааст: «Хушҳолем, ки як дастаи қавӣ пешниҳоди бозии рафиқона кард. Акнун бо хушҳолӣ моҳи январ мо бо дастаи мунтахаби Эрон дидори дӯстона анҷом медиҳем. Мақсад дорем тамоми футболбозони асосиро ба ҳайат ҷалб карда, ҳолати феълии дастаро аз назар гузаронем».

Бори охир Тоҷикистон бо Эрон 6-уми ноябри соли 2012 дар варзишгоҳи «Озодӣ»-и Теҳрон дидори дӯстона анҷом дода буд. Он вохӯрӣ бо ҳисоби 6:1 ба фоидаи мизбонон поён ёфта, ягона голро аз дастаи Тоҷикистон ҳимоятгари собиқи даста Соҳиб Савақулов ба самар расонида буд.

Ин рақобат аввалин марҳилаи омодагӣ барои футболбозони мо ва Эрон барои ширкат дар бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022, ки моҳи март идома меёбад, ба ҳисоб меравад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here