Дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи E, дастаи мунтахаби футболи Афғонистон ду бозии хонагиашро дар Душанбе баргузор мекунад.

Ин вохӯриҳо бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (14-уми ноябр) ва Қатар (19-уми ноябр) дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор мешаванд. Оғози бозиҳо соати 19:00 аст.

Қаблан, 10-уми сентябр, дастаи мунтахаби футболи Афғонистон бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бо дастаи Банғоларо (1-0) дар Душанбе баргузор карда буд.

Ҷоми ҷаҳон 2022. Мусобиқаи интихобӣ

Даври дуюм Гурӯҳи Е

Даври 5-ум

14 ноябр (Панҷшанбе)

Оғоз — соати 19:00

Афғонистон — Ҳиндустон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 6-ум

19 ноябр (сешанбе)

Оғоз — соати 19:00

Афғонистон — Қатар

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here