Дар Фаронса шумораи сироятёфтагони коронавирус ба 74 390 нафар расид. Тибқи маълумоти хадамоти давлатии Вазорати тандурустии Фаронса, 7-уми апрел шумораи умумии ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавирус дар ин кишвар ба 74 ҳазору 390 нафар расидааст, ки нисбат ба рӯзи гузашта 3 ҳазору 912 ҳолат афзоиш ёфтааст.
«Синхуа» хабар медиҳад, ки вазири тандурустии Фаронса Оливие Веран дар нишасти матбуотӣ гуфтааст, дар тӯли як рӯз дар ин кишвар боз 833 ҳолати фавт муайян шудааст, ки шумораи умумии фавтидагон ба 8 ҳазору 911 нафар баробар шудааст. Дар байни ҳамаи қурбониёни эпидемия 2 ҳазору 417 нафарашонро пирони маъюб ташкил медиҳанд, ки дар хонаҳои пиронсолон вафот кардаанд.
Ба гуфтаи вазир, айни замон 29 ҳазору 722 нафар дар бемористонҳо ба табобат фаро гирифта шудаанд, ки 7 ҳазору 72 нафари онҳо дар шӯъбаҳои эҳё таҳти муолиҷа қарор доранд. Бемороне, ки шифо ёфтаанд, 17 ҳазору 250 нафарро ташкил мекунанд, ки нисбат ба рӯзи қабл тақрибан 1 ҳазор нафар зиёданд.