Тибқи маълумоти Хадамоти берунии амалҳои аврупоӣ (EEAS), расонаҳои Чин, Эрон ва Русия дар бораи коронавирус маълумоти бардурӯғ ва шубҳабарангез паҳн мекардаанд.
Шоеаҳои марбут ба коронавирус дар васоити ахбори омма ба таври васеъ паҳн мешаванд ва шумораи зиёдтари гузоришҳо дар бораи зарари мустақими он ба саломатии шаҳрвандон ва амнияти онҳо таъсири ҷиддӣ мерасонад. Хадамот дар натиҷаи тадқиқоти худ вазъи маълумотрасонӣ дар бораи коронавирусро дар кишварҳои Чин, Эрон ва Русия чунин шарҳ додааст.
Сарчашмаҳои расмии Русия ва ВАО-и ин кишвар дар масъалаи паҳншавии коронавирус дар мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо маълумоти бардурӯғро паҳн кардаанд.
Чин як маъракаи сартосарии иттилоотиро барои пешгирӣ кардани гуноҳи дунёгир шудани беморӣ ва беҳтар кардани обрӯйи байналмилалии худ гузаронидааст.
Дар ин гузориш зикр шудааст, ки шабакаҳои иттилоотие, ки ба ҳукумати Эрон алоқаманданд, сироятёбии Иттиҳоди Аврупоро ҳамчун хатар барои амнияти байналмилалӣ унвон кардааст.
Тадқиқотҳои нави илмии Донишгоҳи Майнз нишон медиҳанд, ки чӣ гуна иттилооти ғалат метавонад ба саломатии одамон таъсири манфӣ расонад.
Донишгоҳи мазкур иттилоъ додааст, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ 117 миллион маротиба маълумоти бардурӯғ дар робита ба коронавирус паҳн шудааст, ки мардумро ба воҳима андохтааст. Бештари ин маълумотҳо аз ҷониби Чин, Эрон ва Русия ба корбарон интиқол ёфтаанд.