Вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва раиси Ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” Шавкат Ҳамроев дар арафаи cоли нави мелодии 2020 сафири томулихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ ва як гӯрӯҳ журналистони тоҷики муқими Ӯзбекистонро ба ҳузур пазируфт.

Шавкат Ҳамроев гуфт, ки ба таъсиси Ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” ҳанӯз вақти зиёд сипарӣ нашудааст, вале дар ин муддати кӯтоҳ ин ҷамъияти навтаъсис дар мустаҳкам шудани риштаҳои дӯстии ду кишвар нақши муҳим мебозад.

— Аллакай бо сафири Тоҷикистон ҷаноби Содиқ Имомӣ мо мулоқот кардем ва иҷрои як қатор чорабиниҳои муштаракро бо ҳам барномарезӣ кардем. Ин чорабиниҳо дар соли 2020 роҳандозӣ карда хоҳанд шуд. Ман зодаи шаҳри Бухорои шариф ҳастам ва Вазорати хоҷагии оби Ӯзбекистон, ки онро сарварӣ мекунам, дар ин росто хеле пешсаф аст, — афзуд Шавкат Ҳамроев.

Ба таъкиди ӯ ӯзбекону тоҷикон ду шохаи як дарахтанд ва як халқеанд, ки ба ду забон гуфтугӯ мекунанд. Аз тарзи либоспӯшӣ, намуди таомҳо то расму ойини ин ду халқ муштарак мебошанд. Баргузории якчанд мулоқот бо намояндагони Тоҷикистон аз иқдомоти нахустини ин ҷамъият арзёбӣ гардид. Шавкат Ҳамроев тазаккур дод, кеи яке аз чунин мулоқотҳо ба раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ба вуқӯъ пайваст ва таассуроти хуб аз худ боқӣ гузошт.

-Солҳое буданд, ки ба мардуми вилояти Қурғонтеппа ғизо ва маводи мавриди ниёзи онҳоро  интиқол медодем ва дар ин кор сару сарвар будам. Ҳоло шаҳри Душанбе комилан намои тоза касб намудааст ва ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст, — гуфт яке аз собиқадорони вазорати хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Исмоил Ҷӯрабеков.

Вай ҳамаи тоҷикону тоҷикистониёнро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфт. Исмоил Ҷӯрабеков ҳамзамон ибрози умедворӣ кард, ки дӯстиву рафоқати байни ӯзбекону тоҷикон беш аз пеш мустаҳкам мегардад, робитаҳои ҳамкории ду кишвар бештар доман фарох мекунанд.

-Аз ин даъваи вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва раиси Ҷамъияти дӯстии “Ӯзбекистон ва Тоҷикистон” хеле сарфарозам. Дар ҳамаи давру замон ин ду халқ дар фазои иттиҳоду ҳамбастагӣ ба сар бурдаанд ва ин анъанаи нек минбаъд низ идома пайдо хоҳад кард,-гуфт сафири Тоҷикистон ҷаноби Содиқ Имомӣ.

Гуфта шуд, киба дӯстиву бародарии тоҷикону ӯзбекон устоду шогирд-Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ поя гузоштаанд. Ин ду аллома дар баробари он ки дар ривоҷи фарҳангу тамаддуни Шарқ нақши муассир бозиданд, ҳамчунин аз тариқи осори гаронбаҳои худ талқин намудаанд, ки дӯстии ду халқ ҳаргиз гусаста намешавад.

Ҷонишини сардабири рӯзномаи “Овози тоҷик” Тоҷикбой Икромов ва журналист Шоқаҳҳори Муҳаббатзод низ зимни суханрониҳо таъсис ва роҳандозии чорабиниҳои Ҷамъияти дӯстии “Ӯзбекистон ва Тоҷикистон”-ро фоли нек арзёбӣ карданд. Онҳо дар идомаи суханронӣ раиси Ҷамъияти дӯстии “Ӯзбекистон ва Тоҷикистон” Шавкат Ҳамроевро итминон доданд, ки ҳамеша дар пешрафти кори ҷамъияти мазкур аз наздик ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Дар поёни ин мулоқот Шавкат Ҳамроев гуфт, ки дари Ҷамъияти дӯстӣ барои хоҳишмандон ҳамеша боз аст ва онҳо вақти дилхоҳ метавонанд ба он ташриф оваранд. Баъд Шавкат Ҳамроев меҳмононро бори дигар ба соли нави фарорасида шодбош гуфт ва ба онҳо тӯҳфаҳои гаронбаҳои солинавӣ тақдим кард.

-Арзи вуҷуд кардани ин ҷамъият вабаргузории чунин мулоқотҳои муфид дар таҳияи барномаҳои мо ва рангоранг шудани он низ хеле мусоидат хоҳанд кард. Ин падидаи нек натиҷаи ирода ва сиёсати хирадмандонаи сарварони ду давлат Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифтааст, ки хеле хушоянд мебошад, — мегӯяд ба мухбири “Фараж” ровии барномаи тоҷикии “Рангинкамон”-и шабакаи аввали садо ва симои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шарофат Эрматова.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here