Шаби 30-юми декабр дар маҳалли бозори Саховати шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа ошхонаҳои «Сафо» (собқи “Ҳоҷиён”), «Сомониён» пурра ва «Наврӯз» қисман сӯхта, нобуд шуданд. Яке аз манзилҳои истиқоматӣ низ дар қафои ошхона аз сӯхтор зарар дидааст.
Шоҳидони ҳодиса, ки дар наздикии бозори Саховат зиндагӣ мекунанд, гуфтанд, соат аз 1-и шаб гузашта буд ва онҳо аз садоҳои баланди имдодталабонаи мардуми ҷамъшуда бедор шуда, ба ҷои ҳодиса шитофтанд.
Ин дар ҳолест, ки мақомот гуфтанд, сӯхтор соати 2:25 дақиқа сар задааст ва дар муддати як соат аз ҷониби сухторхомушкунандагон хомӯш карда шудааст.
Бино ба маълумот, масоҳати сӯхтор 1500 метри мураббаъро ташкил додааст ва дар хомӯш кардани сӯхтор аз 9 мошини оташхомӯшкун истифода шудааст.
Мақомот мегӯянд, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, барои муайян кардани хисороти молӣ ва сабабу омилҳои сӯхтор комиссияи махсус дар ҷои ҳодиса фаъолият дорад.