Дар Душанбе Марказ ва мактаби омӯзиши забони фаронсавӣ кушода хоҳад шуд ва барои ин аллакай амалисозии Лоиҳаи он оғоз гардидааст. Дар ин бора сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар зимни як мулоқот бо ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон Маҳмадулло Раҷабзода иттилоъ дод.

Сафир гуфт, нақшаи бунёди Марказии омӯзиши забони фаронсавӣ моҳи ноябри соли гузашта дар Фаронса зимни мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Фаронса Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануел Макрон баррасӣ шуда буд.

— Ман алҳол дар сари њамин ду Лоиҳа кор мекунам. Гуфтан мумкин аст, ки Лоиҳаи кушодани Маркази омӯзиши забони фаронсавӣ (“Алянс франсес”) сар шуд. Кушодани мактаби забони фаронсавӣ вақти зиёдро мегирад, вале мо дар якҷоягӣ бо дӯстони тоҷикамон — намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон кор карда, ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва шартҳои андозсупории Марказро дида баромада истодаем. Гуфтан ба маврид аст, ки Марказ ва мактаби забони фаронсавӣ корхонаҳои тоҷикӣ ба ҳисоб мераванд. Давлати Фаронса барои татбиқи ин Лоиҳаҳо грант ҷудо мекунад ва умедворам, ки лоиҳаҳои мазкур то охири соли равон дар амал татбиқ карда мешаванд, — гуфт Ясмин Гуедар.

Хонум Гуедар ҳамчунин, дар мавриди Донишкадаи “Сорбонна Қазоқистон”, ки аслан барои омӯзиши забони фаронсавӣ барои донишҷӯёни Қазоқистон кушода шудааст, сухан ронд. Хонум Сафир ба ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон пешниҳод кард, ки бисёр хуб мешуд, агар ҳамасола 5 ё 10 донишҷӯи фаъоле, ки бо забонҳои фаронсавӣ ё англисӣ муошират мекунанд, ба Донишкадаи “Сорбонна Қазоқистон” дохил шуда, сатҳи забондонияшонро баланд бардоранд ва баъдан барои идомаи таҳсил ба Фаронса раванд.

Ясмин Гуедар аз Созишнома миёни Донишкадаи “Сорбонна Фаронса” ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ёдовар шуд ва бо таассуф изҳор дошт, ки ба иттилои Донишкадаи “Сорбонна Фаронса”, сатҳи забондонии донишҷӯёни тоҷик қаноатбахш набудааст.

— Бинобар ҳамин пешниҳод мекунам, ки донишҷӯёни тоҷик аввал ба Донишкадаи “Сорбонна Қазоқистон” дохил шуда, хуб тайёр шаванд ва баъдан барои идомаи таҳсил ба Фаронса раванд, — хулоса кард хонум Сафир.

Дар интиҳо аз ҷониби Сафорати Фаронса ба Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон китобҳои дарсӣ ва бадеӣ туҳфа гардид, ки гуфта мешавад, барои омӯзиши забони фаронсавӣ ба донишҷӯёни донишкадаи мазкур мусоидат хоҳанд кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here