Чанд корманди Бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе ба бемории вогире гирифтор шудаанд. Дар ин бора раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода дар саҳифаи фейсбукиаш, бо пахши як нома, иттилоъ дод.
— Чанд нафар аз кормандони Бемористони Ибни Сино ба бемории вогире мубтало шудаанд ва дар ҳоли ҳозир зери парасторӣ қарор доранд, — навиштааст Абдухалил Холиқзод. – Умедворам ба зудӣ сиҳат ёбанд ва ба кори худ баргарданд.
Номбурда таъкид карда, ки мудирияти Бемористони Ибни Сино басуръат бемористронро барои қабули маризони сироятӣ омода месозад.
— Ин омодагиҳо аз таъмини васоили ҳифзи шахсии кормандон иборат мебошад. Дар ҳоли ҳозир бемористонҳои таъсисдодаи Вазорати тандурустӣ тахтҳои кофӣ барои қабули беморон доранд, — иттилоъ додааст Холиқзода. – Мо ният дорем, ки дар аввали ҳафтаи оянда, рӯзи 4-уми май, ҳамаи омодагиҳоро барои қабули беморони сироятӣ ба сомон расонем ва агар Вазорати тандурустӣ лозим донад, мо низ ба қабули беморон оғоз хоҳем кард. Дар ҳоли ҳозир қабул ва дармони беморон дар бемористон бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар ҳама риштаҳо мисли қабл идома дорад.