Ба мисли кӯчаи “Бухоро” дар шаҳри Душанбе кам нестанд ҷодаҳое, ки бо вуҷуди сермошинию тангӣ ронандагон боз ҳам дар ду тарафи роҳ ба муддати тулонӣ мошин мегузоранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар он ҷо аломат мавҷуд асту ва зиёд истодан манъ карда шудааст.

Аз тарафи рости роҳ “Маркази саломатии рақами 1” воқеъ аст ва давоми рӯз шаҳрвандони зиёд рафтуо мекунанд. Таваққуфи мошинҳои зиёди мошинҳо дар канори ҷодаҳо ва ҳатто рӯи хати пиёдагузар дар интизори мизоҷ истодани таксиҳо корафтодагони ин маконро нигарон кардааст. Раъно Ниёзова, як нафар корафтода дар ин макон, мегӯяд, ки ӯ бо сабаби беморӣ зуд-зуд ба Маркази саломатӣ меояд ва ҳар боре, ки мехоҳад аз роҳи пиёдагузар убур кунад, дилашро ваҳм зер мекунад. Ба гуфтаи номбурда, дар ин роҳ ягон тартибу интизом нест ва мошинҳо дар ду тараф роҳ ва гардишҳоро ба таваққуфгоҳ табдил додаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here