Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар Фестивали «Оши палав» баргузор карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки ин фестивал дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани солҳои 2019-2021 бахшида мешавад. Ҳадаф аз баргузории естивали «Оши палав» тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии мардуми тоҷик маънидод шудааст.
Фестивал 14-уми март баргузор мешавад ва қарор аст, дар он беҳтарин ошпазҳои шаҳр ҳунари худро намоиш диҳанд.
Фестивали оши палав куҷо шуд?