Бо як тасмими шаҳрдории Душанбе ҳамаи бозорҳои пойтахт, ки дар онҳо либос фурӯхта мешавад, то 10-уми май таътил мешаванд. Ин тасмим барои анҷоми уфунатзудоӣ ва корҳои профилактикӣ гирифта шудааст.

Дар иттилои шаҳрдонри гуфта мешавад, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт ва пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус (COVID-19) аз 30-юми апрел то 10-уми майи соли 2020 дар ҳамаи бозорҳои либосфурӯшии шаҳр, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, рӯзҳои санитарӣ эълон намуда, фаъолияти онҳо дар ин давра пурра қатъ карда мешавад.

Мақомоти дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ҳамаи бозорҳои либосфурӯшӣ дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва зиддиуфуниро амалӣ кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here