Роҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматулло Зойиров ба бемории сироятии коронавирус гирифтор шудааст. Ин хабарро худи Раҳматулло Зойиров дар саҳифаи фейсбукиаш расонаӣ карда, аз дӯстонаш хостааст, ки ба дидорбинии ӯ наоянду барои зудтар шифоёбиаш дуо кунанд.

Вай навиштааст, ки давоми ҳашт рӯз мешавад, ки ба ин беморӣ гирифтор аст.

Раҳматулло Зойиров дуюмин раиси ҳизб мебошад, ки ба коронавирус гирифтор шудааст. Пештар раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода бо бемории коронавирус ба беморхона бистарӣ шуда буд.

Раҳматулло Зойиров яке аз чеҳраҳои фаъоли сиёсии Тоҷикистон буда, ҳизбаш дар арафаи маъракаи интихоботи парлумонии 1-уми март натавонист, ки дар парлумони кишвар курсиеро аз худ кунад.

Хотиррасон мекунем, ки аввалин мавриди гирифтори ба коронавирус дар Тоҷикистон 30-юми апрел аз ҷониби мақомот расман тасдиқ шуда, то шоми 4-уми май шумораи гирифторони он ба 230 нафар расид. То кунун аз ин маризӣ 3 нафар ба ҳалокат расиданд.

1 бинависед

  1. Устод, сахт хатиёт кунед саломатитона, хамун апарати ИВЛ, ки аз пули грант харида будед ку, холи да хони Махмурод Одинаев истодаст, хамуна хонетон ба биёред, мабодо даркор мешад, шумо уже дуюмбор корона ба сироят шудед, шарти кози то сея мегунд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here