Президенти Тоҷикистон зимни суханрониаш дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ пешниҳод кард, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори фарорасии Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳузури ҳайати омӯзгорон, кормандон, магистрантон ва донишҷӯёни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард.

Дар вақти суханронӣ Президент таъкид дошт, ки барои тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, афзудани нерӯи зеҳнӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар хизмати давлатӣ, инчунин, таҳлили илмии сифат ва самаранокии идоракунӣ ва хизмати давлатӣ зарурати баланд бардоштани мақоми ин муассиса ба миён омадааст.

Бинобар ин, пешниҳод шуд, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.

Ҳадафи ин иқдом аз тарафи устодони Академия тайёр кардани кадрҳои беҳтару босифати ҳирфаии роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ ва мусоидат кардан ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат арзёбӣ шуд.

Бино ба таъкиди Президент ин иқдом метавонад, инчунин, ба ташкили боз ҳам васеътари давраҳои бозомӯзӣ, такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, ташкили таҳқиқоти бунёдӣ оид ба идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ такони ҷиддӣ бахшад.

Добавить комментарий