Академияи тиҷоратии Tcell шарики баргузории лоиҳаи муштараки Alif Академия ва ширкати aims — «Мактаби бози JavaScript» гардид. Гурӯҳи аввали донишҷӯён аллакай ба омӯзиши комилан ройгони онлайн фаро гирифта шуданд. Tcell ба 300 донишҷӯ Интернети баландсуръатро барои дастрасӣ ба манобеъ ва захоири таълимӣ пешниҳод менамояд.
Мактаби бози JavaScript барои онҳое нигаронида шудааст, ки мехоҳанд барномасози Front-end бошанд, барои онҳоест, ки мехоҳанд корро ёд бигиранд ва ҳамчунин барои касоне, ки машғули лоиҳакашӣ ва замимасозианд.
Дар тӯли 4 ҳафта донишҷӯён маводи таълимиро бо вазифаҳои хонагӣ дар утоқи инфиродии худ мегиранд ва онро иҷро карда, ирсол менамоянд. Ҳамин тавр, дар охир онҳо барои хатм кори дипломӣ мегиранд.
Ҳадафи ниҳоии лоиҳа омӯзонидани беш аз 300 нафаре мебошад, ки малакаҳои таҳиягарии муосири Front-end — ро аз худ карданианд.
Омӯзиши онлайн дар айни замон дар тамоми ҷаҳон васеъ истифода мешавад. Шабакаи глобалӣ имкониятҳои зиёдеро барои омӯхтан, ёд гирифтани донишҳои нав, аз худ кардани малакаҳои муосир ва дастёбӣ ба мадрак(диплом)-ҳои тасдиқшуда фароҳам меорад. Табиист, ки ҳамаи ин бе дастрасӣ ба Интернети мӯътадил ғайримикон мебуд. Ширкати Tcell бо дастгирӣ ва кӯмаки мактаби онлайнӣ, дар маҷмӯъ ба рушди тавсеаи маорифи Тоҷикистон мусоидат менамояд.