Вебгоҳи Tajikistantimes, ки ба ҳафтаномаи «Тоҷикистон» тааллуқ дорад, хабар дод, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон қарори афви Додоҷон Атовуллоевро содир кардааст ва ин журналисти маъруф метавонад озодона ба Ватан баргардад.

Одили Нозир, хабарнигори «Тоҷикистон», ин паёмро ба Атовуллоев расонда, бо ӯ суҳбати видеоӣ кардааст, ки дар ин вебгоҳ нашр шудааст ва онро то ин дам наздики 2500 нафар дидаанд.

Tajikistantimes  менависад, ки маълумотномаи Прокуратураи генералӣ ба дасти ин нашрия расидааст. Дар он гуфта мешавад: «Атовуллоев Додоҷон санаи таваллудаш 02.03.1955 сол, зодаи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2008-2014 зимни фаъолияти журналистӣ ҷиноятҳои гуногунро содир намудааст.

Аз ин рӯ, аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Атовуллоев Д. парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шуда, ӯ аз соли 2008 дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.

16-уми декабри соли 2019 Атовуллоев Д. дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв” аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ нисбаташ қатъ карда шуд.

Бинобар ин, Атовуллоев Д. аз рӯйхати шахсони дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарордошта хориҷ карда шудааст.”

Атовуллоев, ки айни ҳол дар Аврупо қарор дорад, аз шунидани ин хабар хуш шудааст ва гуфтааст, ки баъди маслиҳату машварат бо дӯстону ҳамсафонаш масъалаи ба Ватан баргаштанро баррасӣ хоҳад кард. «Охирин роҳи ҳамаи мо Тоҷикистон аст. Ба ғайр аз Тоҷикистон мо дигар роҳ надорем. Мурда ё зиндаи мо ҳатман ба Тоҷикистон бармегардад», — гуфтааст Атовуллоев.

Додоҷони Атовуллоев 2 марти 1955 ба дунё омадааст. Охирҳои солҳои 1970 риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кардааст. Ӯ дар замони Шӯравӣ, солҳои 80 бо мақолаҳояш дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони советӣ» ва «Омӯзгор» шуҳрат ёфта, соли 1991 «Чароғи рӯз» — нахустин рӯзномаи хусусӣ дар Тоҷикистонро таъсис дод.

Додоҷон Атовуллоев аз поёни соли 1992 дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад. Ӯ то ибтидои солҳои 2000 дар Маскав кору зиндагӣ мекард, вале баъди чанд сӯиқасд ба ҷонаш ва чанд бор боздошт шуданаш бо дархости мақомоти Тоҷикистон ба Олмон паноҳанда шуд.

Нисбати Додоҷон Атовуллоев чандин парвандаи ҷиноятӣ кушода буданд ва собиқ прокурори генералии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов дар як нишасти хабариаш ӯро «террористи иттилоотӣ» ном бурда буд.

 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here