Китоби рӯзноманигор, нависанда ва шоири тоҷик Абдулқодири Раҳим бо номи “Дигар дурӯғ нест” дар нашриёти “Русская литература” нашр шуд.

Дар ин китоб шеърҳои ба тозагӣ эҷодшудаи муааллиф ҷой дода шудаанд. Онҳо мавзуҳои ишқу муҳаббат, садоқат, некию накӯкориро дар бар гирифтаанд.

Абдулқодири Раҳим 17-уми январи соли 1961 дар деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Пас аз хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1984) дар Телевизиони Тоҷикистон, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Нуробод, рӯзномаи “Мубориз”-и ноҳияи Восеъ, маҷаллаи “Фарҳанг” фаъолият дошт. Аз соли 1993 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” кор мекунад.

Китобҳои ӯ бо номҳои  “Дурӯғи шабнам”, “Чароғи ошноӣ”, “Ҷилваи як нола”, “Нусхаи парешонӣ”, “Фиреби меҳр”, “Хилвати оина”, “Духтари афсонаҳо”, “Ашки сари мижгон”, “Назари лутф”, “Домони абр”, “Оби дари хона тира нест” ва “Рангҳо” ба табъ расидаанд.

Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Барандаи ҷоизаҳои Созмони ҷавонони Тоҷикистон (1995) ва ба номи Абулқосим Лоҳутии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2018) аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here