Директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов гуфт, дар бораи он ки гӯё ба хатмкардагони Донишкадаи идоракунии давлатӣ ҳангоми таъйин ба мансабҳои давлатӣ имтиёз пешбинӣ шуда бошад, бори аввал мешунавад. Ин дар ҳолест, ки рӯзе қабл ректори Донишкадаи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфта буд, ки дар мувофиқа бо роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ ба хатмкардагони донишкада, ҳангоми иштирок дар озмунҳо барои ишғоли мансабҳои давлатӣ, 5 хол имтиёз пешбинӣ карда мешавад.

Директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов рӯзи 12-уми феврал зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, “Донишкадаи идоракунии давлатӣ бояд аввал нишон диҳад, ки кадрҳои боқувват содир мекунад”.

Ректори Донишкадаи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода дар ҷавоб ба суоли рӯзноманигорон вобаста ба таъмин кардани хатмкардагони донишкадаи мазкур бо ҷои кор гуфта буд: “Ин таҷриба дар мо то ба имрӯз нест. Мо ҳозир дар якҷоягӣ бо Агентии хизмати давлатӣ мувофиқа кардем. Онҳо ҷиддӣ гуфтанд, ки ба хатмкунандаҳо ва занҳое, ки бевосита аз такмили ихтисоси Академия гузаштаанд ва дар магистратура таҳсил кардаанд, ҳангоми озмун 5 хол зам мекунем”.

Ёдовар мешавем, ки муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Фармони Президенти Тоҷикистон 26 августи соли 2013 дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here