Ҳунарманди шинохтаи синамои кишвар Марат Орифов дирӯз дар синни 83-солагӣ дар Душанбе чашм аз олам пӯшид.
Марат Орифов офаринандаи нақшҳои Рӯдакӣ ва Сино дар синамои Тоҷикистон буд, ки бо ин нақшҳо шуҳрати беандоза касб кард.
Ӯ аз ҳунармандони саршиноси синамои Шӯравӣ буд ва соли 1960 дар ҷашнвораи филм Осиё ва Африқо дар Қоҳираи Миср ҷоиза беҳтарин бозигари мардро барои филми «Қисмати шоир» (дар нақши Абӯабдулло Рӯдакӣ) ба даст оварда буд.
Марат Орифов фарзанди Туҳфа Фозилова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон буд. Аз хурдӣ ҳамроҳи модари мушфиқаш аз Конибодом ба Сталинобод, имрӯза шаҳри Душанбе, омад ва русҳо ба шиносномаи таваллудаш на Мурод, балки Марат навиштанд. Ӯ баъди хатми мактаби миёна дар соли 1956 факултети забон ва адабиёти Институти педагогии Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко, соли 1960 Институти театрию рассомии ш. Тошкент ба ном А. Островский, соли 1964 факултаи режиссёрии филмҳои бадеӣ-устохонаи С. А. Герасимовро ш. Маскавро хатм кардааст.
Фаъолияти эҷодии ҳунарии ӯ давра ба давра сурат гирифта, аввалин нақши асосӣ — Синоро дар филми «Абӯалӣ ибни Сино» соли 1956 бозидааст. Соли 1958 ӯро ба Тошкент даъват менамоянд ва нақши Ановро дар филми «Вазифаи олӣ» мебозад. Соли 1959 таҳия ва ба наворгирии филми «Қисмати шоир» ба охир мерасад, ки дар он нақши асосӣ Рӯдакиро Марат Орифов мебозад. Марат Орифов барои нақши беҳтарини мардона, дорандаи мукофоти Кинофестивали мамолики Осиё ва Африқо дар ш. Қоҳира (1960) гардидааст. То имрӯз ин нақш ӯро дар миёни мардум ҷовид гардонидааст. Ҳамчун актёр минбаъд дар нақшҳои Сайф аз филми «Вақти зангирии писар расид» (1959), нақши Насриддин дар Хуҷанд дар филми «Дузди Бағдод» (1959), нақши Ширинкор дар филми «Коваи оҳангар» (1961), нақши Аҳмад аз филми «То пагоҳ» (1964), нақши Комил дар филми «Замони осоишта» ҳунарнамоӣ кардааст.
Чун пухта гардиду маъруфият пайдо кард, ба таҳияи филмҳои бадеии телевизионии «Нисо» (1964), «Дили ман дар кӯҳистон» (1969), «Асрори қабила» (1970), «Муҳосира» (1969), «Бо табассум нигар» (1983) пардохт ва манзури тамошобинон гардонд ва аз ҷониби мардум ва давлату ҳукумат бо хушӣ пазируфта шуд. Дар таърихи кинои тоҷик дар офаридани филмҳои воқеӣ-ҳуҷҷатӣ ин чеҳраи шинохтаи миллат саҳми калидӣ дорад. Соли 1972 якбора ду филми ҳуҷҷатии ӯ бо номҳои «Гӯштингирӣ», «Санги кабуд» ва солҳои 1973—1974 филмҳои «Савганд», «50 солагии РСС Тоҷикистон» манзури тамошобинон гардонида шуд. «Муаллим», «Маро ба ЛЭП мебаранд» аз маҳсули эҷодии вай дарак медиҳанд.
Марат Орифов — Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон, лауреати мукофоти давлатии ленинӣ, дорандаи ҷоизаҳои байналмилалӣ, иштирокдори даҳаҳои адабиёт ва санъат дар Маскав (соли 1957), дар Озарбойҷон (соли 1965), дар Ӯзбекистон (солҳои 1968 ва 1981), дар Литва (соли 1975 ва соли 1976) ва Қирғизистон мебошад. Марат Орифов якумр дар мактабҳои олии русӣ таҳсил карда, фаъолияти актёрӣ ва таҳиягариву коргардонии ӯ ба забони русӣ сурат гирифтааст.