Дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон  соли гузашта  аз ҷониби сокинон 98 ҷинояти гуногун  содир карда шудаст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давари соли гузашта 19 адад зиёд аст. Ин нуктаро рӯзи 13-уми феврал раиси ноҳияи мазкур Нишонзода Даврон расонаӣ кард.

Раис қайд кард, ки аз ҷиноятҳо 11 ҷинояти вазнин, 20 ҳолати дуздӣ ва  29 ҷинояти қаллобӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ошкор шудани ҷиноятҳо 98,9 дарсадро ташкил медиҳад. Гуфта шуд, ки аз тарафи занони ноҳия соли 2019-ум 3 ҷиноят содир карда шудаст.

— Дар ноҳияи Носири Хусрав соли гузашта 4 ҳодисаи  худкушӣ ба қайд гирифта шуд, ки ду ҳолати он аз ҷониби ноболиғон мебошад. Баҳри пешгирии ҷиноятҳо миёни аҳолӣ суҳбату вохуриҳо баргузор мешаванд, — зикр кард Нишонзода Даврон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here