Айни замон дар маркази ноҳияи Вахш сохтмони ду бинои баландошёна бо маром идома дорад, ки онҳо дар арафаи ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.

Раиси ҷамоати шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш Нусратуллозода Бунафша зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром идома доранд. Ба гуфти ӯ дар се соли оянда дар ҷамоати шаҳрак 21 иншооти таъиноташон гуногун сохта мешавад. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар 21 иншоот бо маром идома доранд.

Азимтарин иншооти ҷашнӣ дар маркази ноҳияи Вахш 2 бинои баландошёна, меҳмонхона, коллеҷи аграрӣ ва маркази саломатӣ ва ҳавзи шиноварӣ ва майдончаҳои варзишӣ аст.

Нусратуллозода Бунафша қайд кард, ки мушкилии асосӣ харобии роҳҳои маркази шаҳрак мебошанд, ки беш аз 3 км он то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давалтии кишвар бо дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон аз таъмири асосӣ  бароварда хоҳанд шуд.

Қайд карда шуд, ки ин ҳама талошҳо бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар мебошад.  

Тибқи иттилои расида аз бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Вахш дар се соли оянда дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 422 иншоот бояд сохта шаванд.

То имрӯз 15 иншоот ба истифода дода шуд ва ҳоло дар 140 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев  

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here