Дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон сохтмони Корхонаи истеҳсоли семент ба нақша гирифта шудааст.
Бино ба гуфти мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Кушониён Фаридун Сафарзода, корхонаи мазкур аз тарафи ҶДММ “Хайёми нур” бунёд мешавад, ки иқтидори солонаи он се миллион тонна сементро ташкил медиҳад.
Номбурда ҳамчунин илова кард, ки дар заминаи ин корхона корхонаи ихтихроҷи хок ё истеҳсоли хишт, истеҳсоли гаҷхишт, болопӯши бомҳо низ ба нақша гирифта шудааст. Корхонаи мазкур дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони олмонӣ сохта хоҳад шуд. Айни замон масъалаи ҷудо гардидани замин барои сохтмон дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.
— Бо ба истифода додани ин корхонаи азими саноатӣ беш аз панҷ ҳазор нафар аз аҳолии маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ хоҳанд шуд, — қайд кард Ф.Сафарзода.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақша то соли 2021 дар ҳудуди ноҳия 18 корхонаю коргоҳ сохта хоҳад шуд, ки аз ин се ададаш аллакай ба истифода дода шудааст.