20-уми ноябр бо сабаби ворид шудани ҳавои сарди арктикӣ ба қаламрави Тоҷикистон якбора ноустувор гардидани вазъи обу ҳаво дар назар аст. Дар ин рӯз дамои рӯзонаи ҳаво 8+13 дараҷа шуда, 21-23 ноябр дар водиҳо ва доманакӯҳҳо дамо паст шуда, то 0+5 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Аз Идораи ҳавошиносии кишвар хабар медиҳанд, ки  21-уми ноябр дар ҷумҳурӣ борон шуда, охири рӯз дар бештари водиҳо, доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ ба барфи тар мубаддал гардидани он пешбинӣ мешавад. Давомнокии  борон ва барфи тар дар аксар ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон ва ғарби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то 23-уми ноябр аз эҳтимол дур нест.

Бо сабаби якбора паст шудани дамои ҳаво ва боридани барф дар роҳҳои нақлиётгарди кӯҳӣ пайдоиши қабати барф дар назар аст. Дар ин давра дар қаламрави ҷумҳурӣ фуромадани меғ пешбинӣ шуда, роҳҳоро аз 200 то 500 метр дидан имкон дорад.

Аз 24 то 26 ноябр дар ҷумҳурӣ бориш қатъ гардида, ҳаво соф мешавад, вале меғ мефурояд. Дамои ҳаво паст шуда, шабона дар водиҳо то 0-5 дараҷа, дар доманакӯҳҳо то 3-8,  дар минтақаҳои кӯҳӣ аз 5-10 то 10-15  ва дар ноҳияҳои баландкӯҳ то 20-25 дараҷа хунукӣ дар назар аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here