Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бо харҷи 2 миллиону 450 ҳазор сомонӣ корхонаи истеҳсоли дучархаҳо ва нассоҷӣ бунёд гардид, ки онро сарвазири кишвар ифтитоҳ кард.

Зимни сафари кории худ сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии  раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода корхонаи истеҳсоли дучархаҳо ва нассоҷӣ (ҷӯроббофӣ)- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии  дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкор Расул Соҳибназаров ба анҷом расида, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 10 адад дучарха ва 200 ҷуфт ҷӯробро ташкил медиҳад. Дар ин корхона 56 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин гардидаанд. Сохтмони он бо усули хоҷагӣ ба вуқӯъ пайваста, бо сарфи 2 миллиону 450 ҳазор сомонӣ ба анҷом расидааст.

Сарвазири мамлакат ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дастгоҳу технологияи муосир иқдоми соҳибкоронро шоёни дастгирӣ арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки бунёди корхонаи истеҳсоли дучарха ва ҷӯроббофӣ дар шаҳри Бохтар ба мақсадҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати амалисозии муваффақонаи ҳадафи муҳими стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини ҳарчи бештари сокинон бо ҷойи кори доимӣ созгор аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here