Тибқи хабарҳои расида кандашавии обанбори Сардобаи вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон барои вилояти Туркистони Қазоқистон хисороти зиёди молӣ расонидааст.

Сардори идораи хоҷагии обрасонии ин вилоят Турғанбек Оспанов ба хабаргузории Podrobno.uz гуфтааст, ҳисобу китобҳои муқаддамотӣ нишон медиҳанд, ки хисороти молии  ҳодисаи кандашавии обанбори ноҳияи Сардобаи вилояти Сирдарё дар ҷониби Қазоқистон 404 миллион танга ё муодули 955 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Турғанбек Оспанов бештар аз 3600 гектар киштзор зери об монд. Гуфта мешавад, минтақаҳои аз ин обхезӣ зарардидаи вилояти Туркистони Қазоқистон деҳаҳои Ҷенис, Ҷанатурмис ва Ҷантоқсой, ҳамчунин? ҷамоатҳои Ҷанаҷоп ва Енбекшӣ мебошанд.

Дар майдонҳои обзеркарда деҳқонон асосан пахта, юнучқа ва ҷуворимакка коштаанд.

— Дар ҳоли ҳозир 95 мутахассис ба тафтишоти майдонҳои кишт машғуланд. Имконнопазир аст, ки хисороти молии майдонҳои кишт ва аз чорво зарардидаи мардуми ноҳияи Махтаарали вилоят дақиқ ҳисобу китоб карда шавад. Барои ҳамин мутахассисон миқдори хисороти молиро то охир муайян хоҳанд кард,-гуфтааст Турғанбек Оспанов.

Бино ба гуфтаи сардори идораи обрасонии вилояти Туркистон 2 май, баъди канда шудани сарбанди обанбори Сардобаи вилояи Сирдарёи Ӯзбекистон аз минтақаҳои аҳолинишини ноҳияи Махтаарал 31 ҳазору 606 нафар ба ҷойҳои дигар кӯчонида шудаанд.

Мувофиқи маълумотҳои расида дар ин минтақаи Қазоқистон 631 хонаро об зер кардааст. Гуфта мешавад, ки як гурӯҳи вижаи вилояти Туркистони Қазоқистон ба вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон фиристода шуданд.

— Аъзои ин гурӯҳ бо вазири обёрии Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев ва мақомоти роҳбарии вилояти Сирдарё гуфтушунид мекунанд. Дар маҷмӯъ вазъиятро ҳукуматҳои ҳар ду кишвар баррасӣ ва ҳаллу фасл хоҳанд кард. Мувофиқи маълумот ба минтақаи мо 300 миллион мукааб метр об ҷорӣ шудааст ва ин ҳол бори нахуст ба қайд гирифта мешавад. Ҳоло наметавон гуфт, ки хатар тамоман рафъ шудааст. Маълум нест, ки боз чи қадар об аз Ӯзбекистон ба сӯи мо ҷорӣ хоҳад шуд, зеро табодули иттилоот бо кишвари ҳамҷавори мо ба як системи комил ворид нашудааст,-гуфтааст ноиби ҳокими вилояти Туркистон Сакен Клкаманов.

Интизор меравад, ки намояндагони ҳарду кишвари ҳамҷавор барои доир шудани гуфтушуниди сатҳи ҳукуматии Ӯзбекистону Қазоқистон санадҳои зарурӣ таҳия мекунанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here