Дар 8 моҳи соли равон, ба вилояти Хатлон,  дар умум 146 ҳазору 920 нафар сайёҳ омадаанд, ки аз онҳо 7294 нафар сайёҳон аз хориҷ ҳастанд.

Вилояти Хатлонро дар ҷаҳон бо ёдгориҳои нодири таърихии «Аҷинатеппа»-и ноҳияи Вахш, «Тахти Сангин»-и ноҳияи Қубодиён, «Қалъаи Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ ва «Мадориси Хоҷа Машҳад»-и ноҳияи Шаҳритуз  мешиносанд. Ин 4 ёдгории нодири таърихии вилоят ба феҳристи меросҳои умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуданд.

Ба ин монанд, мавзеъҳои таърихиву сайёҳии вилоят, ки сайёҳони хориҷиро мафтун мекунанд, ин Чилдухтарон, Чилучорчашма, Мақбараи Султон Увайси Қаранӣ мебошанд.

Айни замон дар ҳудуди вилоят 795 ёдгориву мавзеъи таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 94 меҳмонхона, 51 адад хостел ва гестхаусҳо, 122 ҳоҷатхонаи сарироҳӣ, 57 адад мағозаи фурӯши армуғонҳо, 38 осорхона, 77 мавзеъи сайёҳӣ, 34 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 117 тарабхона, 236 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 114 зиёратгоҳ ва 28 адад боғи фарҳангӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза сайёҳон аз ин мавзеъҳо дидан мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here