Дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон (U-17) дар Чемпионати ҷаҳон-2019, ки дар Бразилия идома дорад, дар вохӯрии якуми гуруҳи «Е», бар дастаи ҳамсолонаш аз Камерун пирӯзӣ ба даст овард.
Шогирдони Зайниддин Раҳимов ин бозӣ ҳарчанд бартарии бештар надоштанд, аммо тавонистанд, ки пирӯз шаванд. Дастаи Камерун – чемпиони Ҷоми миллатҳои Африқо миёни наврасон — бо ҳисоби 1:0 аз дастаи Тоҷикистон шикаст хӯрд. Голи ягонаро Шарифбек Раҳматов дар дақиқаи 52-юми дидор аз пеналтӣ зад. Як голи дигарро, ки Рустам Соиров зад, сардовар баъд аз муроҷиат ба видодовар ба ҳисоб нагирифт. Дар ин вохӯрӣ футболбозони мо ним соати охири бозиро бо ҳайати кам пушти сар карданд, зеро Шуҳрат Элмуродов бо ду корти зард аз майдон ронда шуд.
Бозии дигари гурӯҳ миёни дастаҳои Испания ва Аргентина мусовӣ (0:0) анҷом ёфт.
Футболбозони ҷавони мо дар даври дуюм муқобили Испания ба майдон мебароянд. Бозӣ 1 ноябр, соати 1:00 бо вақти Душанбе, оғоз мегардад.
Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон бо иштироки 24 дастаи беҳтарини қора дар Бразил ҷараён дорад. Дар натиҷаи бозиҳои гурӯҳӣ дудастаӣ аз 6 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтарини ҷои сеюми гурӯҳҳо ба даври баъдӣ роҳхат мегиранд.