Барномаи пешгирии истифодаи маводи нашъаовар дар Осиёи Марказӣ (CADAP), таҷҳизоти махсусгардонидашуда, аз қабили катҳои беморхона, ларингоскопҳо, дефибрилляторҳо, мониторҳо барои назорати ҳолати беморон, консентраторҳои оксиген, таҳлилкунандаи нимавтоматии биохимиявӣ ва ғайраро ба Маркази вилоятии бемориҳои нашъамандӣ дар шаҳри Кӯлоб супорид.

Дар маросими тантанавӣ намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ, сафир Петер Буриан иштирок кард. «Мо умедворем, ки бо пешкаш намудани таҷҳизот сифати хизматрасониҳо барои табобати нашъамандӣ ба таври назаррас беҳтар мегардад» — гуфт ӯ.

Мутахассиси пешбари соҳа дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ пизишк Маҳмадраҳим Малахов, инчунин дигар намояндагони Вазорати тандурустӣ аз шӯъбаҳои тандурустии вилоятӣ ва маҳаллӣ (минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон), низ дар маросим иштирок карданд. Онҳо ба Иттиҳоди Аврупо барои таъмини чунин таҷҳизоти зарурӣ ба беморхонаи вилоятии бемориҳои нашъамандӣ миннатдорӣ изҳор карданд.

«Мо итминон дорем, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои калидии сиёсати мубориза бар зиддӣ нашъамандӣ, самарабахшии чорабиниҳоро оид ба кам кардани талабот ва пешниҳоди маводи нашъаовар ва барои паст кардани хатари маводи нашъаовар мусоидат мекунад», — илова намуд Малахов.

Таҷҳизоти тиббӣ дар ҳуҷраи ҳолатҳои таъҷилӣ истифода бурда мешавад. Дар шӯъбаи мазкур кӯмаки махсуси наркологӣ дар ҳолатҳои истеъмоли аз меъёр зиёди маводҳои нашъаовар ва дар дигар ҳолатҳои нашъамандӣ таъмин карда мешавад.

Таҷҳизот дар асоси дархости расмии Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ дастрас шудааст, дар чаҳорчӯбаи компоненти «Муолиҷа», ки аз ҷониби Донишгоҳи илмҳои амалии Франкфурт татбиқ мегардад. Арзиши таҷҳизот 41000 евро мебошад.

Барномаи CADAP 6 бо худ давомати сиёсати ИА ва ҳамкории дарозмӯҳлатро бо шарикони Осиёи Марказӣ муаррифӣ намуда, баҳри мусоидат ба минбаъд тақвият додани сиёсат доир ба паст кардани талабот ба маводи нашъаовар мебошад. Барномаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, бо Консортсиуми кишварҳои Недерландия, Ҷумҳурии Чехия, Полша ва Олмон, дар якҷоягӣ бо ташкилоти Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ  (GIZ) амалӣ мегардад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here