Айни замон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бунёди корхонаи сементбарории ҶДММ “Моҳир Семент” идома дорад, ки баъди пурра ба истифода қарор гирифтани он 100-120 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари кории худ ба вилояти Хатлон аз рафти корҳои сохтмонии корхонаи сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Моҳир Семент” дидан кард. Иншооти сохташавандаи корхонаи сементбарории ҶДММ “Моҳир Семент” дар ҳудуди минтақаи саноатии ҷамоати деҳоти “Маданият” ҷойгир аст. Корхона, ки тарҳи сохтмонаш 360 миллион сомониро ташкил медиҳад, аз тарафи ҶДММ “Моҳир Семент” бунёд мешавад.
Ба сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки дар сурати пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхона 100-120 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Иқтидори истеҳсолии корхона 600 ҳазор тонна семент дар як солро ташкил медиҳад.