Дар ҳафтаи гузашта ҳар панҷумин  марг дар  Англия ва Уэлс марбут ба коронавирус аст, дар ин бора рӯзи сешанбе Бюрои миллии омори Британия хабар доданд.

Дар ду минтақаи Бритониё ҳафтаи гузашта шумораи фавт ба 16 ҳазор нафар расида, 3475 ҳолати оқибати марговарро ба коронавирус рабт медиҳанд.

Феълан ҳолати  сироятшавӣ дар Бритониё 89,6 ҳазор нафар арзёбӣ шуда,  рӯзи 14 апрел аз 778 оқибати марговар иттилоъ додаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here