Нотариуси давлатии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Обидов Аюбҷонро бо ҷурми суиситифода аз мансаб боздошт кардаанд. Дар ин бора ба “Faraj.tj” аз ду манбаи муътамад хабар доданд.
Обидов Аюбҷон, ки аз соли 2017 инҷониб дар вазифаи нотариуси давлатии Идораи нотариалии ноҳияи Зафаробод фаъолият мекард, аз мансаби давлатияш истифода кардааст. Номбурда аз маблағҳои буҷети давлатӣ 2915 сомониро ба манфиати шахсияш бо роҳҳои ғайриқонунӣ истифода бурдааст. Бино ба маълумотҳои дастрасшуда, бар зидди Обидов Аюбҷон бо моддаи 314 қ1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишоти парванда ҷараён дорад.