Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пахши изҳорот аз истирдоди як нафар аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) Шовализода Ҳизбулло Абдулло аз Аврупо ба Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки Шовализода, соли таваллудаш 1991, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 307 (3) қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ) ва 305 қисми 1 (хиёнат ба давлат) КҶ ҶТ пешбинишуда дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, дар ҳудуди Австрия дастгир гардида, 5-уми марти соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод карда шудааст.

Прокуратураи генералӣ иттилоъ медиҳад, ки тибқи маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, номбурда соли 2016 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш ба ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ ҷалб шуда, бо мақсади минбаъд содир намудани актҳои террористӣ, ноором гардонидани вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2019 дар марказҳои террористии кишвари муайяни хориҷӣ омодагии махсуси террористӣ-тахрибӣ гирифтааст.

Зимни тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати аъзои дар давоми солҳои 2016-2019 дастгиршудаи ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ Кузов А.К., Забичоев Н.М., Ризвонов А.Р., Исмоилов Д.Д., Наврӯзов М.С. ва дигарон далелҳои муътамади даст доштани Шовализода Ҳ.А. ба ҷиноятҳои болозикр дастрас гардидаанд. Ҳамаи номбаршудагон дар пойгоҳҳои махсуси хориҷи кишвар омодагии ҷангиву диверсионӣ гирифта, бо убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ вориди қаламрави Тоҷикистон шуда, қасди анҷом додани амалҳои террористӣ доштанд.

Дар ҳамин изҳорот гуфта мешавад, ки бо мусоидати мақомоти салоҳиятдори кишварҳои Иттиҳоди Аврупо Шовализода Ҳ.А. чорумин аъзои гурӯҳҳои террористӣ мебошад, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод гардидааст. Қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон Шералӣ Лоиқӣ, Ҳаётов Мустафо Раҳматшоевич ва Зуҳуров Комрон Хайрович, ки барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта аз таъқиби ҷиноятӣ дар Аврупо паноҳ мебурданд, дастгир ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супорида шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here