Дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз болои дарёи Панҷ, дар мавзеи Кокул — Ойхонум пули нав сохта мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарозии пул 297 метр, паҳноии он 4,5 метр, иқтидори борбардориаш 60 тонна, дарозии роҳи мошингарди 18,5 км ва арзиши сохтмони он тақрибан 9,8 млн. долларро ташкил медиҳад. Мақсад аз бунёди пул ба роҳ мондани тиҷорати наздисарҳадӣ бо ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин кушодани масири нави нақлиётӣ мебошад.
Созишнома байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди тоҷикистонии Оғохон дар бораи ҳамкорӣ дар сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокул бо роҳҳои мошингарди ба пул баранда (ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Ойхонум (вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) бо маблағгузории Комиссияи Аврупо тавассути Бонки рушди Олмон ва Барномаи ҳамгироии минтақавии Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон имзо шудааст.
Дар доираи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Фонди тоҷикистонии Оғохон тӯли солҳои 2002-2013 аз болои дарёи Панҷ чор адад пул дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — дар мавзеъҳои Теми наздикии шаҳри Хоруғ, ноҳияи Ишкошим, мавзеи Хумроғии ноҳияи Ванҷ, мавзеи Рузвайи ноҳияи Дарвоз ва як адад пул дар ҳудуди вилояти Хатлон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сохта шудаанд.
Аз сохтани пул чи фойда, бех,тар мебуд агар пул медоданд. Дар к,уч,о харч, карданаш тани мо.