Муштариёни Бонки Эсхата, ки қаблан аз Русия ба Тоҷикистон пул интиқол медоданд, акнун имкон доранд бо усули нав ва осон ин корро анҷом диҳанд: интиқол аз корти «Сбербанк» ба корти «Бонки Эсхата» бо истифодаи барномаи мобилии “Sberbank Online” ба роҳ монда шудааст.

Бо мувофиқаи бонкҳо ин хизматрасонӣ мазкур бо мақсади содда кардани раванди интиқоли пул барои муҳоҷирони корӣ имконпазир гардид.

«Мо  бисёр хурсанд, ки барои дастгирии оилаи муҳоҷирон имконияти нави хизматрасониро ба роҳ мондем, ки вақти қиммати худро ҳар як мизоҷон сарфа намуда, бо усули нав маблағҳоро интиол диҳад. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Русия қарор доранд, бидуни интизорӣ навбати худ, аз барномаи мобилии “Sberbank Online” истифода намуда, ба наздикони худ, маблағҳояшонро интиқол дода метавонанд. Ин қадами навбатии бонк дар самти баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ аст .»-гуфт Шӯҳрат Қосимов, сардори шӯъбаи тиҷоратӣ чаканаи ҶСК» Бонки Эсхата «.

Игор Мамонтов,  директори шӯъбаи пардохт ва интиқол бонки “Сбербанк”- Русия мегӯяд, ки“мо рушди ҳамкориҳоро бо шарикони хориҷӣ идома медиҳем. Мо хушнудем, ки ба Тоҷикистон рақами телефонро бо хадамоти рақамӣ ҷорӣ намудем. Ин ба мо имкон медиҳад, ки пулро боз ҳам зудтар ва  бо шартҳои шаффоф ва фоизи паст ирсол намоем. ”

Қайд кардан муҳим аст, ки ҳангоми гирифтани интиқоли пулӣ ба корти бонкии Эсхата, интиқол ба асъори миллӣ табдил дода мешавад. Пули нақдро дар ҳама банкоматҳои Бонки Эсхата 24 соат ва 7 рӯз дар як ҳафта пул гирифтан мумкин аст. Барои мизоҷон, дар ҳудуди Тоҷикистон, зиёда аз 100 банкомат мавҷуд аст.

Аз хизматрасонӣ мазкурмизоҷон  бо системаи амалиётии Android истифода бурда метавонанд, дар охири моҳи октябр он дар смартфонҳои iOS пайдо мешавад.

Мизоҷони Бонки Эсхата ба хешовандон ва дӯстони худ ба воситаи барномаи мобилии Sberbank Online маблағҳои худро интиқол диҳед.

Маълумоти муфассал бо телефони 808.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here