Марҳилаи дуюми иқдоми “Амали орзуҳо” аз Бонки Эсхата хотима ёфт, ки дар он 9 мизоҷи бонк ғолиб ва соҳиби смартфонҳои нави пурқудрати бренди Samsung A 50 шуданд.
Ғолибон иқдоми мазкур шаҳрвандон Нозимов Холмаҳмад, Абдураҳмонов Карим, Элонов Изатулло, Кулова Насима, Мирзомуродова Басбӣ, Талбонова Бежодамо, Холиқов Мустафо, Пулотова Руқия ва Ғаниева Раъно мебошанд.
Иқдоми “Амали орзуҳо”-и Бонки Эсхата барои муштариёне, ки дар доираи иқдом қарз гирифтаанд, муштариёни фаъол мебошанд ва таърихи мусбати қарзӣ доранд.
Ёдовар мешавем, ки иқдоми мазкур аз 1-уми июн то 20-уми декабри соли 2019 эътибор дорад ва аз 5 давр иборат аст. Ҳамин тариқ, барои ҳар як давр 9 нафар ғолибон муайян карда мешаванд, ки ҳамагӣ 45 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳама иштирокчиён, инчунин ғолибони миёнадаврии иқдоми мазкур метавонанд барои бурд намудани мукофоти асосӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ имконият ёбанд.