Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар, бо ташаббуси  Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо сарпарастии Комиссияи рушди демократияи сафорати ИМА дар Душанбе тренинг барои журналистон дар мавзӯъи “Интихоботи парлумонӣ-2020” идома дорад.

Дар ин семинар 12 нафар намояндаи ВАО аз расонаҳои гуногун аз шаҳри Бохтар иштирок доранд, ки роҷеъ  ба нозукиҳои   ширкати журналистон дар интихоботи парлумонӣ, қонунгузориҳои лозима дар ин мавзӯъ шинос мешаванд.

Семинарро коршиноси Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аваз Назаров  ва ҳуқуқшиноси маъруфи соҳаи ВАО Иноят Иноятов мегузаронанд.

Дар тренинг мавзӯъҳои “Ҳуқуқи интихоботӣ. Таҳлили Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ”Принспҳои иштироки шаҳрвандон дар интихобот”, “Нақши рӯзноманигорон ва намояндагони ВАО дар инъикос кардани интихобот”, “Хусусиятҳои инъикос кардани фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ, аз тарафи рузноманигорон”, “Танзими ҳуқуқии иштироки мушоҳидони миллӣ ва мушоҳидони байналмиллалӣ дар интихобот”, “Инъикоси тартиби овоздиҳӣ ва таҳлили интихобот аз тарафи ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Хусусиятҳои инъикоси ташвиқоти пеш аз интихоботӣ дар ВАО: таҳлли қонунгузории амалкунанда дар амалияи рӯзноманигорӣ” сухан карда аз таҷрибаи солҳои пешин мисолҳои мушаххас оварданд.

Бояд гуфт, ки чунин семинарҳо бо ташаббуси  Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо сарпарастии Комиссияи рушди демократияи сафорати ИМА дар Душанбе дар дар ин мавзуъ дар шаҳрҳои Хоруғ, Кӯлоб, Хуҷанд, Душанбе низ баргузор хоҳанд шуд.

Гузаронидани маъракаҳои марбут ба интихоботи парлумонӣ ва президентӣ аз ҷониби Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бори аввал набуда, солҳои пеш низ дар ин мавзӯъ семинару тренингҳо ва инъикоси ҳаматарафаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ доир гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here