Дар се моҳи аввали соли 2020 роҳҳои мошингарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз ҳисоби Вазорати нақлиёт, мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон бо харҷи 2 миллиону 371 ҳазор сомонӣ аз таъмир бароварда шуданд.

Сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Файзулозода Насрулоҳ гуфт, ки дар ин давра аз ҳисоби Вазорати нақлиёт барои таъмири роҳҳои минтақа 592 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби соҳибкорон 1 миллиону 472 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо 307 ҳазору 366 сомонӣ корҳо иҷро шудаанд.

— Дар ин давра дар ноҳияҳои Вахш, Панҷ, Шаҳритус ва Кӯшониён барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта, ки мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №639, таъмири  роҳҳои маҳаллӣ ба зимаи  онҳо вогузор карда шудааст, ягон сомонӣ маблағ ҷудо карда нашудааст, — илова кард ӯ.

Ба иттилои ин шахси масъул ҳоло дар мувозинати ин муассиса 2 ҳазору 750,3 километр роҳҳои автомобилгард вобаста шудааст, ки аз он 435,2 км роҳҳои байналмиллалӣ, 334,4 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 1 ҳазору 980,7 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мебошанд, ки аксари роҳҳои маҳаллӣ ба талабот ҷавобгӯ нестанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here